Омӯзиши кормандони фурудгоҳҳои Афғонистон ҷиҳати ошкорсозии маводи мухаддир ва молҳои қочоқшуда
ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе омӯзиши якҳафтаинаи таълимӣ барои маъмурони Раёсати гумрукоти Афғонистон оид ба мавзӯи таҳияи профайл ва ҳадафгирӣ дар чорчӯби амалиёти борҳои ҳамли ҳавоӣ баргузор шуд.
Вилям Лоренс, менеҷери Лоиҳаи БОМНАФ (Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо) хабар медиҳад, ки омӯзиш дар ҳамкорӣ бо Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир, лоиҳаи БОМНАФ (Лоиҳаи идоракунии сарҳад дар шимоли Афғонистон), ки аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо ва БРСММ маблағгузорӣ мешавад, доир гардид. Дар кори семинар дувоздаҳ нафар кормандони фурудгоҳҳои саросари Афғонистон иштирок доштанд.
Омӯзиш ба таҷрибаи васеи амалиётии Қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир асос ёфта, ҳамкориро бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқӣ дар Аврупо, Африқои Ғарбӣ, Амрикои Ҷанубӣ ва кишварҳои ҳавзаи уқёнуси Кариб дар бар гирифт.
Дар Барномаи таълимӣ ба таври махсус ба усулҳои ошкорсозии маводи мухаддир ва молҳои қочоқшуда, ки дар дохили борҳои қонунӣ қочоқ мешаванд, тамаркуз шудааст.
«Ин ҳамкорӣ дар байни БОМНАФ (Лоиҳаи Иттиҳодияи Аврупо) ва қувваҳои сарҳадии Британияи Кабир заминаи хуберо барои расонидани дастгирии зарурии байналмилалӣ барои кӯшишҳои васеи Осиёи Марказӣ дар мубориза бо қочоқ фароҳам месозад. Пас аз баргузории бомуваффақияти курси таълимӣ оид ба борҳои ҳамли ҳавоӣ имкониятҳои бештаре барои давраҳои бозомӯзии кормандони гумруки Афғонистону Тоҷикистон дар ояндаи наздик фароҳам оварда мешаванд»,-шарҳ дод Вилям Лоренс, менеҷери Лоиҳаи БОМНАФ.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






