Омӯзиши намояндагони ВАО дар масъалаи инъикоси шаффофи ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи об

Февраль 8, 2017 11:58

ДУШАНБЕ, 08.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Инъикоси беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар васоити ахбори омма»- таҳти чунин унвон дар Душанбе барои намояндагони воситаҳои ахбори омма семинари омӯзишӣ гузаронида шуд. Семинар мазкур дар доираи лоиҳаи «Беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар воситаҳои ахбори омма» бо мусоидати намояндагии «Oxfam» (Оксфам) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон созмон дода шуда, дар он намояндагони расонаҳои хабарии кишвар иштирок намуданд.
Ба андешаи Фариддун Шоимбеков, муовини директори Ассотсиатсияи истеъмолгарони Тоҷикистон, ҳадафи семинар баланд бароштани донишҳои соҳавии намояндагони ВАО дар масъалаи инъикоси шаффоф ва дақиқи ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар бахши об буда, дар ин самт аҳолӣ аз тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои марбута, донорҳои байналмилалӣ, ки барои беҳдошт ва рушди шабакаҳои обрасонӣ ва санитария нигаронида шудаанд, огоҳӣ пайдо менамоянд.
Назира Қурбонова, намояндаи дафтари Оксфам дар Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур ҷалби бештари шахсони масъул ва ҷомеа ба ҳалли масъалаҳои беҳгардонии ҳисоботдиҳии ҷамъиятӣ дар соҳаи таъмини оби нӯшокӣ ва санитария дар Тоҷикистон ва дар ин росто ба роҳ мондани ҳамкории судманд байни ВАО бо мақомоти давлатӣ ва коршиносон дар ҳалли мушкилоти вобаста ба таъмини оби ошомиданӣ аст.
Ба намояндагони ВАО коршиносони масоили об дар мавзӯъҳои таъмини ҳисоботдиҳӣ тавассути идоракунии муносиб дар бахши таъминоти оби нӯшокӣ ва чораҳои амалигардонии он, роҳҳои баланд бардоштани огоҳсозии аҳолӣ, рисолати намояндагони ВАО дар инъикоси мавзӯъ, интихоби мавзӯъ ва роҳҳои расонидани онҳо ба аҳолӣ, иштироки фаъоли занон дар идоракунии об омӯзиш доданд. Бояд тазаккур дод, баргузории семинари омӯзишӣ барои намояндагони ВАО-и Тоҷикистон дар ҳолест, ки моҳи декабри соли 2016 пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ ҷиҳати эълон намудани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 қабул гардид.
Мавриди зикр аст, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 7-уми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаи об 12 апрели соли 2015 дар Кореяи Ҷанубӣ ва Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», ки 9-11 августи соли 2016 дар Душанбе баргузор шуд, пешниҳод намуда буданд, ки Даҳсолаи дуюми байналмилалӣ таҳти шиори «Об ба хотири рушди устувор» эълон карда шавад ва он аз ҷониби иштирокчиёни Форум дастгирӣ ёфт. Ин пешниҳод идомаи пешниҳодҳои ҷаҳонии Тоҷикистон марбут ба об мебошад.

Февраль 8, 2017 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
СОҲАИ САЙЁҲӢ ВА ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Тавзеҳи 35 мавзеи ҷолиб, ки Тоҷикистонро ба ҷаҳон муаррифӣ менамоянд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
АФЗОИШИ ШУМОРАИ АҲОЛӢ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Аҳолии Тоҷикистон ҳар сол 2,2 фоиз зиёд мешавад
Дар солҳои Истиқлоли давлатӣ дар Тоҷикистон 3200 километр роҳҳои мошингард, 254 пул ва 43 километр нақби нақлиётӣ бунёд гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистон фурӯзон мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1069 сомонӣ муқаррар шудааст