Озмуни ҳунарии «Истеъдоди сарбоз» ба 24-солагии таъсиси Артиши миллӣ бахшида шудааст
ХУҶАНД, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 24-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ, воқеъ дар вилояти Суғд таҳти унвони «Истеъдоди сарбоз» фестивал- озмуни ҳунарӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳадафи озмуни мазкур таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ дар байни сарбозону афсарон, ифтихор аз истиқлолият, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони эҷодкор дар жанрҳои санъати миллӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва сайқал додани маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Дар озмун намояндагони панҷ дастаи қисми ҳарбӣ — баталйони якуми ҳарбии зудамал, баталйони дуюми зудамал, ротаҳо ва взводҳои алоҳидаи раёсати қисми ҳарбӣ, дивизиони артиллерӣ ва ротаи қисми таълимӣ ширкат намуда, ҳунари худро намоиш доданд.