Палатаи ҳисоб наздик ба 224 миллион сомонӣ зарари молиявиро ошкор кард
ДУШАНБЕ, 03.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Соли 2016 аз ҷониби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 530 санҷиши аудиторӣ гузаронида шуд. Дар натиҷаи он наздик ба 224 миллион сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид». Ин матлабро 3 феврал дар Душанбе дар ҷамъи хабарнигорон Фаррух Ҳамрализода, раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард.
Таъкид гардид, ки аз ҳисоби умумии зарари ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунии пулию молӣ 85,6 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ беш аз 1,6 миллион сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 92,8 миллион сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,3 миллион сомонӣ, инчунин талафи воситаҳои пулию молӣ аз бесарусомонӣ 4,2 миллион сомониро ташкил медиҳад. Ҳамзамон кормандони Палатаи ҳисоб зимни санҷиши аудиторӣ 37,2 миллион сомонӣ маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпӯшнамудаи андозҳоро ошкор намуданд.
Раиси Палатаи ҳисоби кишвар таъкид кард, ки ҳамзамон зимни санҷишҳои аудиторӣ захира ва талафи маблағҳои буҷетӣ ба маблағи 63,6 миллион сомонӣ муайян гардид.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






