Паём-барномаи рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар
ДУШАНБЕ,08.02.2017/АМИТ«»Ховар»/. Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Зимни он амалишавии се ҳадафи стратегии давлат, ки дар Паёми имсолаи Пешвои миллат зикр шудаанд, мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор гирифтанд.
Тавре аз донишкадаи мазкур хабар доданд, Мирзоқосим Каримов, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд иброз дошт, ки Паём барномаи мукаммал барои як соли минбаъда буда, иҷрои бандҳои он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст. «Моро месазад, ки дар амалишавии ҳар як нуктаи Паёми Пешвои миллат ҷаҳду талош ва фаъолияти пурсамар намоем, зеро Паём роҳнамои ҳар як сокини мамлакат ва барномаи рушди босуботи иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад». Устодони донишкада дар бораи масъалаҳои ҳалталаби истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи оқилонаи захираи обӣ ва амнияти озуқаворӣ, пояҳои рушди устувори соҳаи саноати кишвар сухан карданд.
Дар қисмати дуюми кори конфронс дар бахшҳои алоҳида наздики 70 мақолаи илмии устодони мактабҳои олии кишвар мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






