«Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии оилаҳои ҷавон»- ҳамоиш дар ноҳияи Рӯдакӣ
ДУШАНБЕ, 04.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рӯдакӣ бо ташаббуси Гурӯҳи ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳамоиш таҳти унвони «Пешгирии зӯроварӣ дар оила ва вайроншавии оилаҳои ҷавон» доир гардид. Дар ҳамоиш кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонон, ходимони дин иштирок карда, фикру андешаҳои худро оид ба кам кардани зӯроварӣ дар оила иброз доштанд.
Нафиса Юнусова, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳии ДМТ таъкид кард, ки масъалаи зӯроварӣ масъалаи муҳими ҷомеаи имрӯза ба ҳисоб рафта, мебояд ба зарардидагони хушунати оилавӣ бештар кумаки равоншиносон расонида шавад. Аҳли ҷомеа ва рӯҳониён низ бояд дар ҳалли ин масъала дар канор наистанд.
Файзалӣ Назаров, ёрдамчии сардори ШВКД № 1 — и ноҳияи Рӯдакӣ оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иброз дошт, ки сабабҳои асосии хушунат дар оила- ин надоштани ҷойи кор ва барвақт оиладор кардани ҷавонон аст.
«Дар соли 2016 213 ариза оид ба хушунати оилавӣ ворид шуда, нисбат ба аксари онҳо чораҳои дахлдор қабул гардид»,- гуфт Файзалӣ Назаров ва илова намуд, ки оилаҳое, ки ду- се маротиба ба ШВКД № 1 — и ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат мекунанд, ҳамчун оилаҳои ноустувор ба қайд гирифта шуда, дар ҳамкорӣ бо созмону ташкилотҳо миёни онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






