Пешвои миллат: «Мавҷудияти хатти сарҳад яке аз нишонаҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлол аст»
ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Артиши миллии Тоҷикистон, ки бисту чор сол муқаддам дар шароити ниҳоят вазнину мураккаби сиёсиву иҷтимоӣ дар ҳаёти кишвари тозаистиқлоламон таъсис дода шуд, ҳанӯз аз солҳои нахустин аз имтиҳону озмоишҳои шадиди он айём гузашт ва тадриҷан ба неруи қудратманди низомӣ, муҳофизи боэътимоди сулҳу субот ва фазои орому осудаи кишвар табдил ёфт. Ин нуктаро имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Маркази таълимии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ таъкид намуданд.
«Ҳукумати мамлакат бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявӣ, ҳанӯз аз марҳалаҳои аввали таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ба бунёд ва таҷдиду азнавсозии инфрасохтор, инчунин таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда эътибори ҷиддӣ дода, дар баробари омодасозии мутахассисони соҳа, ба ташкили воҳидҳои алоҳида ва таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосир шурӯъ намуд»,-илова намуданд Сарвари давлат.
Пешвои миллат афзуданд, ки мавҷудияти хатти сарҳад яке аз нишонаҳои муҳимтарини давлати соҳибистиқлол буда, ҳар як кишвари мустақил марзҳои худро ҳамчун рамзи муқаддаси миллӣ ва ҷузъи асосии давлатдорӣ ҳифзу нигаҳбонӣ менамояд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






