Президенти Россия Владимир Путин оғози ҳафтаи оянда бо сафари расмӣ ба Душанбе меояд
ДУШАНБЕ, 22.02.2017./АМИТ «Ховар»/. Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин 27 феврал бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Душанбе меояд. Дар ин бора имрӯз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.
Қаблан ба нияти боздиди В. Путин аз Тоҷикистон муовини якуми Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Игор Шувалов низ зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Россия, ки дар Душанбе доир гардид, ишора карда, гуфта буд: «Мо ин сафарро бесаброна интизор ҳастем ва умед дорем, ки пурсамар хоҳад буд». Баъдтар Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дар сӯҳбат ба хабарнигорон изҳор намуд, ки лоиҳаи созишномаҳое, ки бояд дар ҷараёни сафари Путин ба Тоҷикистон имзо шаванд, «асосан ба тақвияти ҳамкории иқтисодӣ бо баъзе минтақаҳои Россия нигаронида шудаанд».
Сафари қарибулвуқӯи Владимир Путин сафари сеюми расмӣ ва дар маҷмуъ сафари нуҳуми ӯ ба Тоҷикистон хоҳад буд. Бори охир Президенти Россия моҳи сентябри соли 2015 ҷиҳати иштирок дар нишасти сарони давлатҳои кишварҳои узви Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) ба Душанбе омада буд.
Хотиррасон менамоем, ки 8 апрели соли ҷорӣ ба барқарорсозии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия расо 25 сол пур мешавад.








Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид






