РЕАКТ дар соли 2017 аввалин ҷаласаи гурӯҳи техникиро доир кард
ДУШАНБЕ, 10.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Муҳаммадҷон Салимзода, муовини Раиси Кумита ҷаласаи гурӯҳи техникӣ оид ба ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуди ҳолатҳои фавқулода (РЕАКТ) баргузор гардид. Дар ин бора аз Кумитаи мазкур хабар доданд.
Ҷаласа дар доираи татбиқи қарорҳои қабулшуда дар ҷамъомади навбатии Гурӯҳи ҳамоҳангсозӣ ва арзёбии зуд ҳангоми ҳолатҳои фавқулода, ки ҳафтаи гузашта оид ба коркарди Стратегияи миллии идораи хатар бар асоси тавсияҳои «Барномаи Сендай оид ба коҳиши хатари офатҳо дар солҳои 2015-2030» қабул шуда буд, доир гардид.
«Дар ҷаласаи мазкур намояндагони сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, нақшаи солонаи РЕАКТ-ро барои соли 2017 ва ҷадвали баргузории ҷаласаҳои навбатии гурӯҳи техникиро баррасӣ намуданд»,- хабар дод манбаъ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






