Роҳи Душанбе — Хоруғ барои мошинҳои мусофирбар муваққатан боз шуд
ХОРУҒ, 22.2.2017 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз, 22 феврал пас аз шаш рӯзи роҳбандӣ барои мошинҳои мусофирбар аз миёни тармаҳо гузаргоҳи муваққатӣ кушода шуд, аммо мошинҳои боркаш имкони гузаштан аз ин гузаргоҳро надоранд. Иҷрокунандаи вазифаи сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Шӯҳрат Шоисматов гуфт, ки ҳанӯз роҳҳо ба талабот ҷавобгӯ нестанд ва аз ин рӯ ҳаракати ҳар як мошин зери назорати кормандони мо ва Бозрасии давлатии автомобилӣ қарор дорад. Зеро эҳтимоли фаромадани тармаҳо ва ба муҳлати номуайян баста шудани роҳ ҳанӯз вуҷуд дорад.
Ба иттилои манбаъ, яке аз тармаҳои бузург дар километри 572-юми роҳи Душанбе- Хоруғ то ҳол пурра тоза нашуда, рӯзи сеюм аст, ки роҳсозон ба тоза кардани он машғул мебошанд.
Муҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои ноҳияи Шуғнон Ванҷик Пайшанбиев изҳор дошт, ки то нисфирӯзӣ мошинҳои мусофирбар аз ин раҳ мегузаранд ва пас аз он техникаву мехнизмҳо ба васеъ кардани роҳ оғоз мекунанд.
Роҳи Хоруғ-Қулма ва Хоруғ- Ишкошим пурра баста буда, дар ин роҳҳо ҳамарӯза се-чор маротиба дар фосилаи хеле дур аз ҳамдигар тармафароӣ ба чашм мерасад ва интиқол додани техника аз як деҳа ба деҳаи дигар вақту фурсати зиёдро талаб мекунад.








Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






