Рустам Ҷӯразода: «Дар Соли ҷавонон барои таҳсилу истироҳат ва дастгирии онҳо бояд шароити мусоид фароҳам оварда шавад»
ДЕВАШТИЧ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо иштироки раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ва намояндагони воситаҳои ахбори умум нишасти матбуотӣ доир гардид.
Раиси ноҳия ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар соли 2016 маълумот дода, зикр кард, ки дар маҷмӯъ нишондиҳандаҳо боиси қаноатмандӣ мебошанд. Дар ноҳия диққати асосӣ ба пешбурди соҳаи хоҷагии халқи ноҳия, аз ҷумла, кишоварзӣ, равнақи иқтисодиёту иҷтимоиёт, беҳбуд гардонидани шароити зисту зиндагонии мардум, таъмини волоияти қонун равона гардид. Аз ҷониби раиси ноҳия махсусан соҳаҳои кишоварзӣ, мактабу маориф, фарҳангу тандурустӣ таҳлили ҳамаҷониба ёфтанд. Маълум гардид, ки барои мустаҳкам гардонидани заминаи техникии ҳамаи соҳаҳо тадбирҳо амалӣ шуда истодаанд.
Зикр шуд, ки корҳои оммавию сиёсӣ, тарғиботию ташвиқотӣ бояд ба пешгирии ҳар гуна зуҳуроти ба ҷамъият бегона, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва терроризму экстремизм равона гарданд.
Раиси ноҳия иброз дошт, ки дар Соли ҷавонон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсилу истироҳат ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо аз ҷониби роҳбарияти ноҳия нақшаҳои зарурӣ қабул шудаанд. Инчунин тезонидани корҳои сохтмонии хати оби Даҳкатсой-Даҳанасой, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти ҷумҳурӣ, вилоят ва ноҳия қарор дорад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






