Сарбанд: Рӯзи дарҳои кушода ба хотири баланд бардоштани маърифати тиббии ҷавонон
ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Сарбанд дар бунгоҳи тиббии деҳаи Боҳтурободи ҷамоати деҳоти «Гулистон» бо иштироки кормандони маркази репродуктивии шаҳр Рӯзи дарҳои кушода доир намуд.
Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, дар чорабинӣ духтурони Маркази солимии репродуктивии вилояти Хатлон бо занони деҳоти атроф суҳбат карда, доир ба пешгирии ҳамли номатлуб, бемориҳои сироятшавандаи ҷинсӣ, баланд бардоштани маърифати тиббии ҷавонон ва ба ҳаёти оиладорӣ тайёр намудани ҷавонон маълумот пешниҳод намуданд.
«Соли гузашта бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои хавфноки ба таври алоқаи ҷинсӣ гузаранда дар марказ беш аз 1000 нафар ҷавонон ва онҳое, ки аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргаштаанд, аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуданд»,-иброз дошт З. Алимова, Директори Маркази солимии репродуктивии шаҳри Сарбанд.
Дар ин рӯз 53 нафар занон аз хизмати ройгони тиббӣ бархӯрдор гаштанд.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






