«Шанбе — рӯзи варзиш ва солимгардонӣ»- силсилачорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ дар Душанбе
ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 18 феврали соли равон бо ташаббуси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе силсилачорабиниҳои оммавӣ-варзишӣ ва солимгардонӣ таҳти унвони «Шанбе-рӯзи варзиш ва солимгардонӣ» баргузор карда мешаванд.
Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ хабар доданд, тадбирҳои мазкур дар ҳамаи иншооти варзишии ҳудуди шаҳри Душанбе доир карда мешаванд.
Барномаҳои оммавӣ-варзишӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар мулоқот бо масъулон ва фаъолони шаҳри Душанбе 15 феврали соли 2017 ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи тарбияи ҷисмонӣ ва оммавӣ гардонидани он дар байни сокинони пойтахт роҳандозӣ мегардад.








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






