«Шоҳмот барои таҳкими неруи зеҳнии ҷавонон ва пешгирии ифротгароӣ»-мусобиқаи шоҳмотбозон дар Ёвон

Февраль 17, 2017 15:12

Ёвон, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори Соли ҷавонон, бо мақсади дастгирии  ҷавонону  наврасони лаёқатманд Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон дар якҷоягӣ бо Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия мусобиқаи шоҳмотбозонро таҳти унвони «Шоҳмот барои таҳкими неруи зеҳнии ҷавонон  ва пешгирии ифротгароӣ» доир намуд. Дар ин бора  мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳияи Ёвон  Эраҷ Раҷабов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар мусобиқа зиёда аз 80 нафар қувваозмоӣ намуданд ва натиҷаи ниҳоӣ чунин шуд: ҷойи аввал насиби сокини ноҳияи Файзобод Оймаҳмад Сулаймонов, ҷойи дуюм насиби сокини ноҳияи Ёвон  Файзалӣ Сафархолов  ва ҷойи сеюм насиби сокини ноҳияи Ёвон Ҳамза Раҷабов гардид.

Ғолибон бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

 

Февраль 17, 2017 15:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд