Шоҳроҳҳои Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Хоруғ ва Душанбе — Лахш кушода шуданд

Февраль 25, 2017 11:30

ДУШАНБЕ, 25.02.2017. /АМИТ «Ховар» /. Рӯзҳои охир дар натиҷаи бориши барфи зиёд шоҳроҳҳои Душанбе — Хуҷанд, Душанбе — Хоруғ ва Душанбе — Лахш баста гардиданд.
Тавре Умеда Юсупова, сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуд, дар шоҳроҳҳои мазкур на танҳо хатари фуромадани тарма, балки резиши санг низ ҳаракати мошинҳоро дар баъзе роҳҳои кишвар қатъ гардонида буд.
«Шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи саъю кӯшиши Хадамоти роҳҳои Вазорати нақлиёт ва ширкати роҳҳии IRS шоҳроҳҳои Душанбе — Хуҷанд ва Душанбе — Хоруғ ҳоло кушода буда, ҳаракат аз ду тараф ба роҳ монда шудааст»,- гуфт сардори Маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳамчунин Нилуфар Асламшоева, сухангӯи Раиси ВМКБ иброз дошт, ки айни замон шоҳроҳи ВМКБ дар ҳолати хуб қарор дошта, роҳи асосӣ ба самти шаҳри Душанбе кушода аст.
Ба иттилои манбаъ, шоҳроҳи Ишкошим танҳо барои мошинҳои мусофиркаш кушода буда, дар самти Мурғоб корҳо идома доранд.
«Ба хотири ҳарчи зудтар кушода шудани роҳҳо тавассути чархболи Вазорати мудофиа, ки дар шаҳри Хоруғ навбатдор аст, барои техникаҳои роҳнигоҳдорӣ сӯзишворӣ интиқол дода шудааст. Бо супориши Раиси вилояти Бадахшон гуруҳи корӣ ташкил шуда, барои васеъкунии роҳ ба самти шаҳри Душанбе ва таъмин намудани ҳаракати мошинҳои калонҳаҷми боркаш корҳо идома доранд»,- гуфт Нилуфар Асламшоева.

Февраль 25, 2017 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад