Шукурҷон Зуҳуров хостори таъсиси Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Чехия гардид

Февраль 10, 2017 17:35

Форум (14)ДУШАНБЕ, 10.02.2017. АМИТ «Ховар»/. Шукурҷон Зуҳуров дар маросими ифтитоҳи Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чехия, ки 10 феврал дар Душанбе доир гардид, хостори ташкили Шӯрои сармоягузории Тоҷикистону Чехия гардид. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Чехия, ки дар доираи сафари расмии Ян Ҳамачек, Раиси палатаи вакилони Парлумони Ҷумҳурии Чехия ба Душанбе сурат гирифт, доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Чехияро бо ҳам овард. Шукурҷон Зуҳуров таъкид кард, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва рушди бахшҳои иқтисодию тиҷоратӣ дар кишвар беш аз 70 имтиёзу кафолатҳоро муқаррар намудааст, ки онҳо шароити мусоидро барои рушди иқтисоди миллӣ фароҳам меоранд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон зикр намуд, ки муносиботи дӯстонаи роҳбарони олии ҳарду кишвар — Эмомалӣ Раҳмон ва Милош Земан заминаи мусоидро дар самти ҳамкории гуногунсоҳа байни ду кишвар таъмин намудааст. Дар ин росто баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чехия дар Душанбе иқдоми сарони ҳар ду кишвар мебошад.
Шукурҷон Зуҳуров доир ба имкониятҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ибрози назар карда, доираҳои тиҷоратии Чехияро барои омӯзиши фазои сармоягузории Тоҷикистон ва тавсеаи ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷики худ даъват намуд.
Ҳамзамон дар ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чехия Ян Ҳамачек- Раиси палатаи вакилони Парлумони Чехия баргузории Форуми соҳибкории Тоҷикистону Чехияро дар Душанбе омили тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду кишвар арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Чехия дар оянда барои баланд бардоштани сатҳи равобити иқтисодию тиҷоратии ду кишвар ва саҳм гузоштан дар татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон нақши муассир мегузоранд.
Ба андешаи Файзиддин Қаҳҳорзода-Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафи Форуми иқтисодӣ тақвияти ҳамкории судманди тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Чехия, ҷалби сармоя ва дарёфти шарикон мебошад. Таъкид шуд, ки гардиши мол байн Тоҷикистону Чехия дар соли гузашта 3,9 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2015 наздик ба 400 ҳазор доллар кам мебошад. Инчунин дар зарфи панҷ соли охир ҳаҷми сармоягузориҳои Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон 8,7 миллион долларро ташкил дод, ки аз он 8 миллион доллар сармояи мустақим аст.
Дар ҳамоиши иқтисодӣ ҳамзамон фазои мусоиди сармоягузорӣ, имконоти иқтисодию тиҷоратӣ, низоми қонунгузории Тоҷикистон дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ ба доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони чехӣ муаррифӣ гардида, байни ширкату корхонаҳои Тоҷикистону Чехия санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Мавриди зикр аст, ки робитаҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо Чехия дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, эътимод ва эҳтироми мутақобила 25 сол муқаддам оғоз гардида, Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон ин кишвари аврупоӣ- Чехияро ба ҳайси шарики боэътимод эътироф намудааст.

Февраль 10, 2017 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Суғд ва минтақаи Рашт муаррифӣ карда шуд
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Ҷаласаи 20-уми Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Руминия дар соҳаи алоқа густариш меёбад
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад