«Сипари устувори маънавӣ»- ҷаласа оид ба омӯзиши мақолаи таҳлилии Саидмурод Фаттоҳзода «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ…»
ДУШАНБЕ, 16.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Наим Маликисломӣ, Раиси кумитаи иҷроияи мазкур ва гурӯҳҳои ташвиқотию тарғиботии он дар мавзӯи «Сипари устувори маънавӣ» ҷаласа баргузор гардид.
Таваре аз Кумитаи марказии ҲХДТ хабар доданд, дар он аъзои гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ мақолаи таҳлилии Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар мавзӯи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ… Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?», ки дар сомонаҳои интернетӣ нашр шудааст, мавриди омӯзиш қарор доданд.
«Зикр кардан ба маврид аст, ки мақолаи таҳлилии мазкур дар ҳақиқат барои ҳар як фарди ватандӯсту худогоҳ ҷиҳати ҳифзи арзишҳои таърихӣ, динӣ, миллӣ ва фарҳангӣ ҳамчун роҳнамо буда, барои таҳти як идеологияи устувор ва созанда муттаҳид намудани миллати худ сафарбар гардидааст»,-хабар дод манбаъ.
Иштирокчиён нуктаҳои мақолаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, андешаҳояшонро дар ин бобат иброз намуданд.
Ёдовар мешавем, ки мақолаи таҳлилии Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ… Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?» 10 феврали соли равон дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр гардид.








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар деҳоти ноҳияи Ёвон чорабиниҳои сиёсию маърифатӣ баргузор мегардад
АБАРМАРДЕ, КИ ДАВЛАТРО БИНО КАРД. Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд






