Соҳибкорони Ховалинг ноҳияи худро обод мекунанд
ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар давоми як соли охир бо кумаку маблағгузории соҳибкорон қариб 48 километр роҳҳои маҳаллии деҳоти ноҳияи Ховалинг пурра таъмиру барқарор карда шуданд.
Тавре ки аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, солҳои охир маркази ноҳияи Ховалинг тавассути амалҳои ватандӯстонаи соҳибкорони маҳаллӣ беш аз пеш обод ва дилкашу назаррабо мешавад. Дар айни ҳол бо ташаббуси соҳибкорон таҷдиди пули биступанҷметраи дарёчаи Сари Осёб, соҳилбандии 1,5 километр қитъаи хавфноки дарёчаи мазкур, сохтмони корхонаҳои истеҳсоли хишту шарбати мева, сехи дӯзандагӣ барои 60 дастгоҳ, меҳмонхона ва боғчаи «Дунёи кӯдакон» барои 100 нафар наврасон, сохтмони маҷмааи ҳаштошёнаи хизматрасонӣ ва даҳҳо иншооти дигар бо суръат идома дорад. Бо бунёди ин иншоот на танҳо ҳусни ин шаҳраки кӯҳистон дучанд меафзояд, балки сокинонаш низ соҳиби ҷойҳои нави корӣ мешаванд.