Сокини шаҳри Панҷакент бо гумони куштор дастгир карда шуд
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз ҷониби кормандони милитсия дар натиҷаи гузаронидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ марди 44-солаи сокини шаҳри Панҷакент бо гумони расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки боиси марг гардидааст, дастгир карда шуд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, гумонбаршуда 20 феврали соли 2017, тахминан соати 17:30 дар назди заминҳои деҳаи Санги Кабуд дар ҳолати мастӣ бо марди 30-солаи сокини деҳаи мазкур ҷанҷол карда, сипас бо корди дасташ якчанд маротиба ба узвҳои бадани ӯ задааст.
«Дар натиҷа марди 30-сола ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Нисбат ба дастгиршуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад»,-иттилоъ доданд аз Вазорати корҳои дохилӣ.








Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ






