Таҳти раисии Давлаталӣ Саид ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ таҳти раёсати Давлаталӣ Саид, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Дар ҷаласаи мазкур ҳайати Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ-Давлаталӣ Саид, муовини якуми Cарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон (Раиси Шӯро), Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муовини Раиси Шӯро) ва аъзоёни Шӯро Рустам Шоҳмурод, Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Насим Олимзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳикматулло Неъматуллозода, Вазирии рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон иштирок намуданд.
Дар ҷаласа гузориши Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои супоришҳои Протоколи №1-и Шӯро аз 16 декабри соли 2016 шунида шуд ва нақшаҳои солона, номгӯи масъалаҳои назоратии мақомоти санҷишие, ки барои мувофиқа ба Шӯро пешниҳод гардиданд ва лоиҳаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон «Оид ба ислоҳоти минбаъдаи соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
«Мувофиқи моддаи 10- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 мақоми санҷишӣ ва 56 мавзӯи санҷишӣ мушаххасан муайян карда шудааст, ки мақомотҳо дар доираи ваколатҳои худ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши субъектҳои фаъолияти хоҷагидорро аз рӯи хавфнокӣ ва тибқи нақшаи муайян ва бо дарназардошти мавзӯҳои санҷиш бояд амалӣ намоянд»,- зикр кард Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи нахустини Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ 26 ноябри соли 2016 баргузор гардида буд, ки дар он як қатор масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда буданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






