«Терек»-и Рашид Раҳимов ном иваз мекунад
ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Клуби футболи «Терек»-и Грозний, ки ба он дастпарвари футболи Тоҷикистон Рашид Раҳимов машқ медиҳад, ба наздикӣ номи худро ба КФ «Ахмат» иваз хоҳад кард. Дар ин бора сайти ҷумҳурии Чеченистон дар истинод ба қавли президенти он Рамзан Қодиров хабар медиҳад.
«Ба иваз кардани номи даста Шӯрои директорон ҳуқуқ дорад. Ман дар ин бора ҷавобе нагуфтаам. Аз рӯи ақидаи муаллифон дар кишвари мо клубҳои зиёде бо номи «Ахмат» амал мекунад ва дар ҷаҳон шӯҳрат ёфтаанд»,-гуфтааст Рамзан Қодиров.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки мухлисони даста аз он сабаб ташаббус нишон медиҳанд, ки маҳз таъсиси дастаи «Терек» ба давраи президентии Аҳмат-Ҳоҷӣ Қодиров рост омадааст.
Клуби футболи «Терек» соли 1958 ин номро ба худ ихтисос додааст. Аз ин пештар даста бо номи «Динамо» (1946-1948) ва «Нефтянник» (1948-1958) ёд мешуд.
Баъди даври 17-уми Премйер- Лигаи Россия «Терек» бо 28 имтиёз дар зинаи 4-ум қарор дорад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






