«Тоҷик Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба Пекин фаъол кард
ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» шурӯъ аз имрӯз, 27 феврал парвозҳоро ба самти Душанбе — Пекин — Душанбе шурўъ менамояд.
Тавре ки котиби матбуоти ширкати «Тоҷик Эйр» Азиз Хайруллоев иттилоъ дод, васеъ гардидани хатсайри парвозҳои ширкати ватании «Тоҷик Эйр» барои рафтуомади сокинони мамлакат ба хориҷи кишвар ва ворид шудани шумораи зиёди сайёҳони хориҷӣ ба мамлакат мусоидат мекунад.
Парвозҳо аз Душанбе ба Пекин рӯзҳои душанбе соати 16:40 тариқи ҳавопаймои Боинг 757 -200 сурат мегиранд. Парвозҳо аз Пекин ба Душанбе рӯзҳои сешанбе соати 3:30 шабона бо вақти Пекин анҷом меёбанд. Мусофирон ба Душанбе соати 07:10 бо вақти маҳаллӣ мерасанд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба Пекин 5 соату 30 дақиқаро ташкил медиҳад. Давомнокии парвози хатсайри Пекин- Душанбе 6 соату 40 дақиқа мебошад.
Бино ба иттилои манбаъ, арзиши чипта дар ду самт 1 748 сомониро ташкил хоҳад дод.
Дар маросими кушодашавии хатсайри нав директори генералии ширкати «Тоҷик Эйр» Хайрулло Раҳимов иброз дошт, ки ифтитоҳи хатсайри мазкур ба сокинони Тоҷикистон ва Хитой имкон медиҳад, ки рафту омади худро дар ду самт осонтар кунанд. Бо кушода шудани хайтсайри нав муносибатҳои халқҳои ду кишвар боз ҳам наздиктар мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» хизматрасониҳои интиқоли мусофирон ва борҳоро ба самтҳои Алмаато, Бишкек, Деҳлӣ, Теҳрон, Москва, Екатеринбург, Новосибирск ва Сургут амалӣ мегардонад.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






