Турсунзода: Бунёди Маркази ҳунарҳои миллии атласу адрас ва қолинбофии дастӣ ба муносибати ҷашни Наврӯз

Февраль 18, 2017 12:25

ТУРСУНЗОДА, 18.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон барои дар сатҳи баланд ҷашн гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ бунёд ва баистифодадиҳии як зумра иншоот, аз ҷумла бунёди фермаи ширию молӣ дар ҶДММ «Агросаноат», боғчаи бачагон барои 100 нафар кӯдак, бинои истиқоматии баландошёна, Маркази ҳунарҳои миллии атласу адрасбофӣ ва қолинбофии дастиро ба нақша гирифтааст.
Ҳамчунин соли равон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ният дорад, ки гармхонаи сабзавотӣ, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва муассисаи таълимии № 33-ро барои 320 хонанда дар 1 баст ифтитоҳ намояд. Ҳоло корҳои ниҳоии сохтмонию ободонӣ дар 6 иншооти мазкур идома доранд.

Февраль 18, 2017 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд