У. Ғуломҳайдарова: «Ягона дархости Ватан аз шумо ин аст, ки бо навбат марзу бумро ҳимоя намоед, то қадами номубораки душман ба он наздик нашавад»
ХОРУҒ, 21.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ дар муассисаи Мактаби президентии шаҳри Хоруғ мулоқоти волидони сарбозоне, ки дар қисмҳои низомии ҷумҳурӣ адои хизмат мекунанд, баргузор гардид. Дар вохӯрӣ хонандагони синфҳои болоӣ ширкат намуданд. Улфатхоним Ғуломҳайдарова, ки писараш Фаридун дар қӯшунҳои ҳавоии яке аз қисмҳои низомии мустақар дар ноҳияи Ҳисор хизмати Ватан-Модарро ба ҷо меорад, изҳор намуд, ки фарзандаш довталабона ба хизмати аскарӣ рафт. «Ҳангоме писарам ин тасмимро гирифт, мо ӯро дастгирӣ кардем. Ҳар як падар ё модар фарзандашро ба он умед калон мекунад, ки барои Ватан хизмат кунад, дасти як нотавонро бигирад ва ё ба касе некӣ кунад. Чунин фарзанд ҳам барои Ватан ва ҳам миллату волидайн фақат шарафу ифтихор меорад».
Улфатхоним Ғуломҳайдарова бо муроҷиат ба хонандагон таъкид намуд, ки Ватан барои таҳсилу кори шумо шароит муҳайё намудааст, то зиндагӣ ва рӯзгори худро пеш баред. Ягона дархости Ватан аз шумо ин аст, ки бо навбат марзу бумро ҳимоя намоед, то қадами номубораки душман ба марзаш наздик нашавад.
Сардори шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ Сайёра Замирова аз иҷрои барвақти нақшаи маъракаи баҳорӣ ва тирамоҳии соли гузашта изҳори қаноатмандӣ намуда, баён дошт, ки маҳз таълиму тарбияи чунин модарон моро ба ҳадафҳои аслӣ- таъмини амнияти фазои дохилӣ ва хориҷиамон мерасонад.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






