Ҷумъа Давлатов: «Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии баъзе ноҳияҳо риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатӣ ҷой дорад»
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Бохтар, Рӯдакӣ, Файзобод, Вазорати кишоварзӣ, хадамотҳои назорати давлатии байторӣ, фитосанитарӣ ва карантини растанӣ, зотпарварӣ, бозрасиҳои назорати давлатии тухмӣ, техникаи кишоварзӣ ва сохторҳои маҳаллии онҳо дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин дигар мақомоти давлатӣ ҳолатҳои қисман риоя нагардидани қонунгузории хизмати давлатӣ ҷой доранд.
Ин нуктаро директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Давлатов имрӯз дар нишасти матбуотӣ таъкид намуд.
Ҷумъа Давлатов ҳамчунин зикр намуд, ки масъалаҳои алоҳидаи баргузории озмунҳо, талаботи раванди аттестатсияи хизматчиёни давлатии маъмурӣ, риоя нагардидани талаботи тахассусӣ, ҷойивазкунии кадрҳо, талаботи таҳияи дастурамалҳои мансабӣ, пешбурди парвандаҳои шахсӣ, тартиби ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани роҳбарони сохторҳои маҳаллии мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ аз ҳолатҳое мебошанд, ки зимни санҷиши Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 ошкор шуданд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






