Вакили Парлумон-мухолифи пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи мамлакат

Февраль 9, 2017 17:25

Нурулло ОкилзодаДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Вакили палатаи поёнии Парлумони кишвар мухолифи пешниҳоди Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар мавриди аз 1 август оғоз гардидани соли нави хониш гардид. Дар ин росто Нурулло Оқилзода, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонон дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки: «оғоз намудани соли нави хониш аз 1 август дар шароити феълӣ дар низоми маорифи Тоҷикистон ғайриимкон аст, аз ин рӯ, пешниҳоди мутахассисони Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Вазорати маориф ва илми кишвар дар мавриди аз 1 сентябр ба 1 август гузаронидани оғози соли нави хониш ба ҷуз шитобкорӣ дигар коре нест».
Мавсуф зикр кард, ки агар ин пешниҳод пазируфта шавад, зарур меояд, ки тамоми низоми маорифи Тоҷикистон, аз ҷумла фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, коллеҷу техникумҳо ва мактабҳои олиро тағйир диҳем, зеро фаъолияти тамоми муассисаҳои таълимии кишвар ба оғози соли хониш- 1 сентябр мутобиқ карда шудаанд ва тавъаманд. Инчунин Нурулло Оқилзода бар он назар аст, ки кори низоми маорифи Тоҷикистон бо низоми соҳаи маорифи давлатҳои Иттиҳоди давлатҳои Мустақил /ИДМ/, пеш аз ҳама, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Русия ҳамоҳанг карда шудааст. «Агар мо соли хонишро аз 1 август оғоз кунем, ин тавозун аз байн меравад».
Вакили Парлумони кишвар ҳамзамон аз омӯзгороне дифоъ кард, ки ба андешаи Вазорати маориф, бо толибилмон кор накарда, дар моҳи август маош мегиранд. «Ҳамаи омӯзгорони Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи август фаъолияти худро ба соли нави хониш оғоз мекунанд, омодагӣ мебинанд. Ин маънои онро надорад, ки онҳо бидуни иҷрои коре маош мегиранд»,- таъкид кард вакили Маҷлиси намояндагон. Мавсуф зикр кард, ки ба дигар вақт гузаронидани оғози соли хониш барои муаллимон на танҳо мушкили равонӣ, балки молиявиро ҳам пеш меорад».
Вакил зикр кард, ки мутобиқи қонунгузории кишвар муҳлати рухсатии омӯзгорони кишвар на камтар аз 45 рӯз муқаррар шудааст. Агар соли хониш аз 1 август оғоз гардад, тамоми низом вайрон мешавад, аз ҷумла дар сатҳи қонунҳои қабулшудаи кишвар.

Февраль 9, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Таҳти ин унвон фестивали байналмилалӣ доир мегардад
«МегаФон Life»: замимае, ки ба он эътимод доранд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ карда мешавад
Таомҳои тоҷикӣ дар шаҳрҳои Федератсияи Русия ба таври шоиста муаррифӣ мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Ҳисор ҳамоиши минтақавии раисони шуроҳои ҷангу меҳнати шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
«АСРИ ЗАРРИН»-И ТАЪРИХИ ТОҶИКОН. Замони давлатдории Сомониёнро муҳаққиқони илми таърих чунин ном гузоштаанд
Зуд, мувофиқ, осон: чат-боти «Доно» ба муштариён чӣ тавр кумак мерасонад
Дар Панҷакент филиали Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» ифтитоҳ гардид