Вазорати корҳои дохилӣ: сабаби сӯхтор дар «Амонатбонк» расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар қисмати боми бинои Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» сӯхтор ба амал омад. Бо қабули бонги хатар фавран ба маҳалли ҳодиса 13 адад нақлиёти асосӣ ва махсуси оташнишонии Сарраёсати хадамоти оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воҳидҳои он сафарбар карда шуданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, ҳангоми ҳозир шудан ба ҷойи ҳодисаи сӯхтор муайян гардид, ки қисмҳои чӯбини боми бинои мазкур дар масоҳати 250 м2 оташ гирифтаанд. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти фаврии тактикии оташнишонии СХДО ВКД ва воҳидҳои он роҳҳои паҳншавии алангаи оташ дар ҳама самтҳо пешгирӣ карда шуда, дар кӯтоҳтарин фурсат бе паҳншавӣ дар масоҳати аввалааш хомӯш карда шуд. Тибқи иттилои коршиносони соҳа сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ мебошад.
Бинобар гуфтаи Раёсати бонки мазкур, дар натиҷаи сӯхтор ҳуҷҷатҳо ва ё дигар амонату маблағҳои бонк хисорот надидаанд.








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






