ВКД: Баррасии масоили ҳамкорӣ дар мулоқот бо Сафири Ҷумҳурии Исломии Афғонистон
ДУШАНБЕ, 06.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 4 феврал мулоқоти Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ доир гардид.
Дар вохӯрӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муовини атташеи ҳарбии Сафорати мазкур Заманудин Заман, консули Сафорат Аҳмад Муслим Ҷоҳид ва котиби сеюми ин Сафорат Фаридун Секандарӣ ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи роҳбари дастгоҳи Вазири корҳои дохилӣ Ҷамшед Машрабзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Вазорати корҳои дохилӣ Мустафо Рустамзода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Сафиало Азизулозода, сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Зумрад Абдуллозода ва муовини сардори Раёсати ҳамкории байналмилалии ВКД Мансур Бухоризода иштирок намуданд.
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода Сафири навтаъйинро бо ин вазифаи пурмасъули дипломатӣ табрик намуда, дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ комёбиҳои беназир таманно кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Муҳаммадгул Залмай Юнусӣ изҳор дошт, ки таърих, адабиёт ва фарҳанги халқи тоҷику афғон муштарак буда, дӯстию рафоқат, бародарию ҳамҷаворӣ аз қарнҳои дур то ба имрӯз маншаъ мегиранд. Шаҳрвандони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буду бош доранд, аз бархурд ва муносибату муоширати хуби намояндагони полис изҳори қаноатмандӣ менамоянд.
Зикр шуд, ки ҳамкории пурсамар дар самтҳои мухталифи ҳаёти рӯзмараи ду кишвар, махсусан дар мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар байни мақомоти умури дохилии тарафайн густариш ёфта, дар ин соҳа талошҳои муштарак роҳандозӣ мегарданд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҳифзи сарҳадот ва дигар масъалаҳои мубрамро мавриди баррасӣ қарор доданд.










«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






