Владимир Путин: «Тоҷикистон — кишвари калидӣ барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ аст»

Февраль 27, 2017 18:53

ДУШАНБЕ, 27.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз ин пеш хабар додем, имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон    дар Қасри миллат бо Президенти Федератсия Россия Владимир Путин, ки бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, мулоқоти хосса анҷом доданд.

Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости» Владимир Путин зимни мулоқот  нақши Тоҷикистонро дар таҳкими амният дар қаламрави Осиёи Марказӣ муҳим арзёбӣ кард. «Барои мо мавқеи Тоҷикистон оид ба мушкилоти минтақавӣ бисёр муҳим аст. Дар ин самт ман Тоҷикистонро кишвари калидӣ оид ба таҳкими амният дар минтақа мешуморам»,-гуфт Владимир Путин.

Президенти Россия пойгоҳи 201-уми Русияро дар Тоҷикистон ёдоварӣ карда, зикр намуд, ки он на танҳо амният дар Тоҷикистонро таъмин менамояд, балки барои минтақаҳои ҷанубии Русия низ муҳим аст. Хотиррасон менамоем, ки Владимир Путинро дар ин сафар Вазири корҳои дохилӣ генерал Владимир Колоколтсев, Вазири захираҳои табиӣ ва экология Сергей Донской, Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ Максим Топлин, роҳбари «Росатом» Алексей Лихачёв,  муовини Вазири мудофиа Александр Фомин ва дигар шахсони  расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

 

Февраль 27, 2017 18:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд