Вохӯрии аъзои лоиҳаи «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ»

Февраль 4, 2017 10:31

ДУШАНБЕ, 04.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо мақсади таҳлил ва баҳо додан ба фаъолияти соли сеюми лоиҳаи «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ» дар доираи Барномаи Иттиҳоди Аврупо семинари аъзои лоиҳа баргузор гардид.
Тавре ки аз Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Вазорати саноат ва технологияҳои нав хабар доданд, дар кори семинар намояндагони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, Донишгоҳи давлатии иқтисодии Озарбойҷон, Донишгоҳи миллии иқтисодии шаҳри Киев ва Донишгоҳи иқтисодии шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон иштирок намуданд.
Сармутахассиси шуъбаи илм ва робитаҳои хориҷии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат, дотсент Нормат Ҳайбатов оид ба кор дар доираи лоиҳаи «Рушд ва такмили мудирияти донишгоҳ оид ба масоили байналмилалӣ», сафарҳои хориҷии кормандони робитаҳои хориҷии донишгоҳ, ҳуҷҷатҳои стратегии таҳиягардида ва таҷрибаи аз боздидҳо андӯхта маълумот дод.
Сармутахассиси шуъбаи робитаҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷамшед Истамқулов оид ба корҳои дар доираи лоиҳа иҷрошуда ва татбиқи баъзе аз таҷрибаҳои донишгоҳҳои маъруфи Аврупо барои рушди минбаъдаи робитаҳои хориҷии донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайдо намудани имконоти бештари ҷалби устодону донишҷӯёни хориҷӣ ба раванди таълиму тарбия ва пешбурди корҳои илмӣ маъруза кард. Намояндагони донишкадаҳои шаҳри Хуҷанд доир ба паҳлӯҳи мухталифи робитаҳои хориҷии донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон, барномаҳои муштараки таълимӣ, ба роҳ мондани табодули устодону донишҷӯён, таҳсилоти фосилавӣ ва ғайра ибрози назар карданд.
Ҳамчунин намояндагони донишгоҳҳои Озарбойҷон, профессор Шоҳин Байрамов ва Гулшан Валиева, Украина Евгения Коломилетс-Людвиг ва Қирғизистон Алмаз Қодиралиев доир ба муваффақияту комёбиҳои оид ба лоиҳа тӯли се сол амалинамудаашон маърӯзаҳои ҷолиб намуданд.
Ҳамоҳангсози аврупоии лоиҳа, профессор Шоҳин Байрамов роҳи тайкардаи гурӯҳи ташаббускори лоиҳаро тӯли се сол таҳлил намуда, ба он баҳои баланд дод. Ӯ таъкид дошт, ки тӯли як моҳи боқимонда тамоми корҳо дар доираи лоиҳа бо сатҳу сифати баланд анҷом дода шуда, ҳисоботи ҷамъбастӣ сари вақт ба Комиссияи Иттиҳоди Аврупо бояд ирсол карда шавад, то ин лоиҳаи хеле муҳим барои рушди устувори робитаҳои ояндаи мо бо донишгоҳу донишкадаҳои Аврупо ва ҷаҳон ба ҳайси равзанаи муваффақ хизмат намояд.

Февраль 4, 2017 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад