Зариф Мирдадо ба ҷавонон: «Барои ояндаи неки Тоҷикистон талош намоед!»
ДУШАНБЕ, 09.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз Зариф Мирдадо, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ашт дар истироҳатгоҳи ба номи «20-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо донишҷӯёни фаъол мулоқот доир намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси ноҳияи Ашт хабар доданд, зимни мулоқот Зариф Мирдадо гуфт: «Ҷавонӣ давраи пешрафт, омӯхтани касбу дониш ва мустаҳкам сохтани мавқеи худ дар ҷомеа мебошад. Шумо ҷавонон, ки неруи пешбарандаи ҷомеа ҳастед, ҳама талошҳои худро барои ояндаи нек ва дурахшони Тоҷикистон азиз сарф намоед ва ба боварию эътимоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ҷавон содиқ бошед».
«Аз шомил шудан ба равияҳои тундгаро, ки оқибат ба пушаймонӣ меорад, худдорӣ намуда, аз ҳама он имкониятҳое, ки давлату Ҳукумат бароятон муҳайё намудааст, истифода баред ва мутахассиси кордон гардед»,- зикр кард Зариф Мирдадо.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






