Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) муайян шуданд

Март 17, 2017 16:31

ДУШАНБЕ, 17.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳамгурӯҳони дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол, ки дар Бозиҳои интихобии чемпионати Осиё -2018 ширкат меварзанд, муайян шуданд. Дар натиҷаи қуръакашӣ дастаҳои мунтахаби Урдун, Фаластин ва Бангладеш бо дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба гурӯҳи «Е» дохил шуданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
Қуръакашии бозиҳо, ки имрӯз дар қароргоҳи Конфедератсияи футболи Осиё (КФО) шаҳри Куала- Лумпури Малайзия баргузор гардид, 40 дастаро ба 10 гурӯҳи баробар ҷудо кард. Дастаҳо дар ду минтақа Шарқ ва Ғарб бо ҳам мусобиқа меороянд. Бозиҳои интихобӣ дар гурӯҳи мо аз 19 то 23-юми июл дар Фаластин мегузаранд.
Ба бозиҳои финалӣ, ки аз 9 то 27 январи соли 2018 дар Чин доир мегарданд, ғолибони гурӯҳҳо ва 5 дастаи аз рӯи нишондод беҳтарин роҳхат мегиранд.
Бояд қайд кард, ки дастаи мунтахаби Чин дар бозиҳои интихобӣ берун аз озмун иштирок менамояд ва агар дар гурӯҳи худ мақоми аввал ва ё дуюмро аз рӯи нишондоди беҳтарин ишғол кунад, пас дастаи шашуми мақоми дуюм ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ дода мешавад.
Натиҷаи қуръакашии Чемпионати Осиё-2018 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 23-сола чунин аст:
Минтақаи Ғарб
Гурӯҳи «А»: Эрон, Уммон, Қирғизистон (мизбон), Шри-Ланка.
Гурӯҳи «В»: Ироқ, Арабистони Саудӣ (мизбон), Баҳрайн, Афғонистон.
Гурӯҳи «С»: Қатар (мизбон), Сурия, Ҳиндустон, Туркманистон.
Гурӯҳи «D»: Амороти Мутаҳидаи Араб (мизбон), Ӯзбекистон, Лубнон, Непал.
Гурӯҳи «Е»: Урдун, ТОҶИКИСТОН, Фаластин (мизбон), Бангладеш.
Минтақаи Шарқ
Гурӯҳи «F»: Австралия, Мянма (мизбон), Сингапур, Бруней.
Гурӯҳи «G»: Кореяи Х,Д. (мизбон), Лаос, Тайбэйи Чин, Гонконг.
Гурӯҳи «Н»: Таиланд (мизбон), Индонезия, Малайзия, Муғулистон.
Гурӯҳи «I»: Кореяи Ҷанубӣ, Ветнам (мизбон), Тимори шарқӣ, Макао.
Гурӯҳи «J»: Япония, Чин (мизбон), Камбоҷа, Филиппин.

Март 17, 2017 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад