Ҳавопаймои «Boeing 737 300» дар ҳолати изтирорӣ дар фурудгоҳи Хуҷанд нишаст: мусофирон ба касбияти баланди ҳавонавардон арзи сипос намуданд
ДУШАНБЕ, 10.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Ҳавопаймои «Boeing 737 300» мансуб ба ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик-Эйр» шаби 9 март зимни парвоз аз Фурудгоҳи байналмилалии Тараз /Қазоқистон/ бинобар сабаби нуқс пайдо шудан дар чархи рости ҳавопаймо ба таври изтирорӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишаст.
Азиз Хайруллоев-котиби матбуоти ширкати миллии ҳавонавардии Тоҷикистон «Тоҷик Эйр» дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки «ҳавопаймои Boeing 737 300, ки бо 140 нафар мусофир ва 9 нафар ҳайати сарнишинон 9 март бо хатсайри Хуҷанд-Москва парвоз менамуд, баъди пур кардани сӯзишворӣ дар фурудгоҳи Тараз парвозро ба самти Москва идома дод, вале бо сабаби пайдо шудани нуқси техникӣ дар чархи рости ҳавопаймо дар соати 21:00 аз фурудгоҳи Тараз ба самти Хуҷанд парвоз намуд. Расо соати 24:39 баъди сарф кардани сӯзишворӣ ҳавопаймо ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд нишаст ва аз 140 нафар мусофирон, ки 7 нафарашон кӯдакон буданд, касе осеб надидааст. 60 нафар мусофир дар меҳмонхонаи Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва 46 нафари дигар дар меҳмонхонаи «Эҳсон» ҷой карда шуда, бо хӯроки гарм таъмин гардиданд»,-афзуд Азиз Хайруллоев.
Вобаста ба ин ҳолат мусофирон нисбат ба касбияти баланди ҳайати сарнишинони ҳавопаймои «Boeing 737 300» арзи сипос баён намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки пагоҳ, 11 март мусофирони хатсайри Хуҷанд -Москва имкон доранд соати 19:00 ба шаҳри Москва парвоз намоянд. Бақайдгирии мусофирон соати 16:00 оғоз меёбад.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






