Бахшида ба Наврӯз дар шаҳри Норак овезаҳои ҷашнӣ насб мешаванд
![](https://khovar.tj/wp-content/uploads/2017/03/Norak.-Omodagi-ba-Navruz.jpg)
НОРАК, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ ва пешвоз гирифтани Соли ҷавонон кормандони Муассисаи давлатии шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Норак кӯчаю хиёбонҳои шаҳрро рубӯчин карда, дар назди биноҳои баландошёна бахшида ба 150 рӯзи ободонӣ ҳашарҳои умумӣ ташкил менамоянд.
Сардори муассисаи мазкур Субҳон Ҷураев иброз намуд, ки «тоҷикон аз азал мардуми меҳмоннавозу дастурхондор, ватандору ободкор ҳастанд. Аз ин ҷост, ки барои тозагии шаҳр ва ботантана ҷашн гирифтани Наврӯзи Аҷам корҳои ободонию хуррамгардониро вусъат дода, то имрӯз 5060 метри кубӣ партовҳои маишӣ ва хасрӯбаҳо аз қаламрави шаҳр бароварда шуданд».
Дар маркази шаҳр гӯшаю овезаҳои диққатҷалбкунанда насб карда шуда, шинонидани гулу буттаҳо ва дарахтони сояафкану ороишӣ идома дорад.