Байни Тоҷикистону Покистон ҷаласаҳои гурӯҳи кории муштарак доир шуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба нафту газ ва ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор байни Тоҷикистону Покистон баргузор гардиданд.
Тавре ки мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории ҷаласаҳо хабар дод, ҳайати Тоҷикистонро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва ҳайати Покистонро Вазири федеролии об ва энергетикаи Ҷумҳурии Исломии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф роҳбарӣ намуданд.
Зимни ҷаласаи якуми гурӯҳи кории муштарак оид ба нафту газ байни Тоҷикистону Покистон имкониятҳои вусъат бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ, фаъолгардонии муносибатҳо байни ҷамъиятҳои тоҷикистонӣ ва покистонӣ дар самти истихроҷ, коркард ва воридоти нафту газ, ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиши геологӣ-геофизикӣ дар майдонҳои нафту газдори қисми ҷанубу ғарбӣ ва шимоли Тоҷикистон, таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маҳсулоти нафтии аълосифат ва маҳсулоти ниҳоии аз нафт бадастовардашуда ва бо назардошти таҷрибаи бойи ҷонибҳо омода намудани мутахассисони соҳавӣ ва такмили ихтисоси касбии мутахассисон муҳокима гардиданд.
Дар доираи ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор татбиқи дастовардҳо аз натиҷаи музокироти сатҳи олии ду кишвар, ҳамчунин маҷмӯи масъалаҳои энергетикӣ ва инфрасохтор, аз ҷумла вусъат бахшидани ҳамкорӣ вобаста ба татбиқи саривақтии лоиҳаи минтақвии интиқоли неруи барқи «CASA-1000», хусусан сохтмони хати интиқоли барқи Сангтӯда-Новшераи Покистон бо дарозии умумии 750 км, ки яке аз қисматҳои муҳими Лоиҳаи «CASA-1000» ба шумор меравад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар баробари ин ҳамчунин имконияти сохтмони хати интиқоли барқи иловагии 500 кВ «Тоҷикистон-Покистон», самтҳои эҳтимолӣ ва паҳлӯҳои иқтисодию техникии он муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати самаранок истифода намудани захираву имкониятҳои мавҷуда дар самтҳои энергетика ва нафту газ бо роҳи тақвият бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд ҳамкориро идома диҳанд.













ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд






