Баргузории намоиши китобҳои наврӯзӣ дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд
ХУҶАНД, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар Китобхонаи марказии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров намоиши китобҳои тозавуруди китобхонаи марказии донишгоҳ баргузор гардид.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» хабар дод, дар намоиш зиёда аз 1000 адад китобҳои тозавуруд, китобҳои Пешвои миллат, китобҳои устодон ва аз рӯи ихтисосҳо китобҳо ба намоиш гузошта шуданд. Дар доираи баргузории намоиш иштирокдорони он, донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ ширкати фаъолона варзида, аз намоиши китобҳои диққатҷалбкунанда баҳравар гардиданд.
Ба иттилои масъулини раёсати донишгоҳ, ҳадафи намоиши китобҳои тозавуруд ҷалби ҷавонон, хосатан донишҷӯён ба омӯзиши ҳарчӣ бештари илму дониш, шукргузорӣ аз ватани маҳбуб, расидан ба қадри олитарин арзиши башарият -ҳаёт ва озодии инсон, эҳтироми падару модар, баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат ва фарҳанги насли ҷавон мебошад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






