Бонки миллии Тоҷикистон бо ширкати «Металор» шартномаи ҳамкорӣ имзо кард

Март 9, 2017 11:59

ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси ин Бонк Ҷамолиддин Нуралиев бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти ширкати «Металор» ба шаҳри Марини Швейтсария сафари хидматӣ намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд, зимни сафар ҳайати намояндагии Бонки миллии Тоҷикистон бо фаъолияти корхона шинос шуда, бо Президенти ширкат оид ба соҳибкории тасфия Юксинг Шанг вохӯрӣ анҷом доданд. Ҳангоми гуфтушунид тарафҳо оид ба тавсеа бахшидани муносибатҳои мутақобилан судманд дар самти тасфияи филизот изҳори омодагӣ намуданд.
Дар натиҷаи мулоқот аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва ширкати «Металор» Шартномаи ҳамкории дуҷониба ба имзо расонида шуд.
Ширкати «Металор»-и Швейтсария соли 1852 ташкил ёфта, яке аз бонуфузтарин ширкатҳо дар соҳаи коркард ва тасфияи филизоти қиматбаҳо ба ҳисоб меравад. Ширкати мазкур дар саросари ҷаҳон фаъолона иштирок намуда, дар 17 кишвар намояндагиҳои худро кушодааст. Ба шабакаи байналмилалии муштариён пайваст буда, маҳсулоти ин ширкат дар ИМА (Лос Анҷелес ва Лима), Аврупо (Лион) ва Осиё (Ҳонконг) ба муомилот бароварда мешавад. Дафтари асосии ин Ширкат дар шаҳри Марини давлати Швейтсария ҷойгир шудааст. Ширкати «Металор» -сертификатҳои стандарти ISO (Ташкилоти байналмилалии стандартизатсия), RJC (Шӯрои маҳсулоти заргарӣ), LPPM (Бозори платина ва палладии Лондон) ва LBMA (Ассотсиатсияи иштирокчиёни бозори қиматбаҳои Лондон)-ро доро мебошад.
Аз ҷониби ширкати мазкур ба бонкҳои марказии ҷаҳон дар соҳаи тасфия хизмат расонида мешавад. Теъдоди кормандони умумии ширкати мазкур 1650 нафарро ташкил медиҳад. Маҳсулоти ин ширкат дар саноати электронӣ, мошинасозӣ ва соҳаи ороишӣ истифода мешавад. Дар корхонаи мазкур маҳсулоти хом ва нимтайёр, ба монанди тилло, платинум, палладий ва нуқра коркард карда мешаванд.

Март 9, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд
Дар Давҳа ҷаласаи солонаи Бонки Осиёии сармоягузории инфрасохторӣ доир гардид
Дар доираи «TAJ-TECH 2026» санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуданд
Дар шаҳри Душанбе ҳамкорӣ дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ гардид
Дар Қатар маросими таъсиси Фонди ҳамкорӣ ва рушди Чин – Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таъсиси Фонди минтақавии рушди фазои рақамии соҳибихтиёрӣ дар Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Дар Душанбе маркаи почтавӣ бахшида ба 35-солагии Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа ба муомилот бароварда шуд
Дар Хоруғ оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаи энергетика мулоқот доир шуд
Душанбе мизбони ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ва рақамикунонӣ гардид
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалии Sibos 2026 иштирок доранд
Дар Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа оғоз гардиданд