Дар ноҳияҳои вилояти Хатлон маъракаи ҷумҳуриявии ниҳолшинонии ҷавонон роҳандозӣ гардид
ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон аз ҷониби ҷавонон ниҳолу буттаҳои ороишӣ шинонида шуданд. Тавре аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ин иқдом бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ роҳандозӣ шуда, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ташаббуси ҷумҳуриявии ниҳолшинонии ҷавонон таҳти унвони «Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад» ва ҳашари оммавӣ баҳри беҳдошти фазои экологӣ баргузор шуда истодааст.
Бо ин мақсад дар шаҳри Қӯрғонтеппа 600 нафар наврасону ҷавонон бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бехи дарахтонро нарм намуда, беш аз 100 бех ниҳолҳои сояафкан шинониданд.
Ба гуфтаи Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси Бахши варзиш ва сайёҳии Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон дар шаҳру навоҳии вилоят зиёда аз 4000 нафар наврасону ҷавонон дар маросими ниҳолшинонӣ иштирок намуда, наздик ба 1000 бех ниҳолҳои сояафкан, 1562 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва 100 бех гулҳои ороишӣ шинониданд.








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид






