Дар шаҳри Норак ҳамоиши «Ободонӣ ва тозагӣ-аз суннатҳои наврӯзӣ» доир гардид
НОРАК, 02.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи байналмилалӣ бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Норак дар атрофи майдони варзишӣ, ки макони баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ интихоб гардидааст, ҳамоиш таҳти унвони «Ободонӣ ва тозагӣ -аз суннатҳои наврӯзӣ» доир гардид. Дар ин бора мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳри Норак Ҳабиба Сафарова ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.
Дар он зиёда аз 200 нафар ҷавонони фаъоли неругоҳҳои Нораку Бойғозӣ, муассисаҳои тандурустӣ, шуъбаи маориф, бахши фарҳанг, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иштирок намуданд.
Ҳамчунин бо мақсади ободонию сабзазоркунӣ дар боғи марказӣ зиёда аз 100 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд.