Дар вилояти Хатлон машқҳои муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ ва ФР оғоз гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳудуди вилояти Хатлон машғулиятҳои омодагии сафарбарӣ ва маҷмўи машқҳои муштараки амалиётӣ-стратегии зиддитеррористӣ бо ҷалби ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия бо тирпаронии ҷангӣ оғоз гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод, машқҳои муштарак то 30 март идома ёфта, чор марҳиларо дар бар мегиранд ва гузаронидани онҳо дар машқгоҳҳои ҳарбии Фахробод, Ҳарбмайдон, Ҳомиён, Сумбула, Ҳалқаёр, Ҷайралӣ ва Лоҳур пешбинӣ гардидааст.
Илова бар ин дар доираи машқҳои мазкур, Пойгоҳи 201-и ҳарбии Федератсияи Россия низ бо ҷалби қувва ва ҷузъу томҳо барои ҳамоҳангӣ ва амалан санҷидани вазифаҳои ҷангӣ дар он ширкат менамояд. Дар баробари иштироки беш аз 40 ҳазор нафар ба маҷмӯи машқҳои муштараки васеи низомӣ, инчунин беш аз 200 адад техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ, артиллериву автомобилӣ, 10 адад чархболу ҳавопаймоҳҳои ҳарбиву нақлиётӣ ва дигар лавозимоти мухталифи ҷангӣ истифода мегарданд.
Ҷараёни баргузории машқҳо ва омӯзиши мавзўъҳои ба он пешбинишуда аз ҷониби Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.
Ҳадафи баргузории маҷмӯи машқҳои муштараки амалиётӣ- стратегӣ ва ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ дар ҳудуди гарнизони Хатлон- ин сайқал додани таҷрибаи ҳайати шахсии ширкаткунандагони машқҳо дар ташкили амалиёти муваффақонаи ҷангӣ, баланд бардоштани омодагии рўҳиву равонӣ, қобилияти ҷангиву ҷисмонӣ ва сафарбарии қўшунҳо дар самти доир кардани унсурҳои мухталифи ҷангии зиддитеррористӣ дар минтақаҳои сарҳадӣ, шароити дашту саҳро ва кӯҳистони ҳудуди ҷумҳурӣ мебошад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд






