Дастовардҳо аз файзи Истиқлол
ДУШАНБЕ, 22.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло бо истифода аз имконияти мусоид шумораи зиёди ҷавонони тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия таҳсил мекунанд. Аксари онҳо кӯшиш доранд таҳсил намуда, ҳамчун мутахассиси хуб ба Ватан баргарданд ва дар рушду инкишофи Тоҷикистон саҳми арзанда гузоранд.
Дар шаҳри Пензаи Федератсияи Россия зиёда аз 500 нафар донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳҳои беҳтарини ин шаҳр таҳсил мекунанд. Гуфтан ба маврид аст, ки ҷавонони тоҷик дар ҷараёни таҳсилу донишандӯзӣ намунаи ибрат буда, кӯшиш мекунанд ҳар чи бештар аз илму дониш баҳраманд бошанд. Шумораи чунин донишҷӯёни пешқадам хеле зиёд аст. Яке аз онҳо Муҳаммад Қодиров мебошад, ки соли сеюм аст дар факултаи шифобахшии бахши тиббии Донишгоҳи давлатии шаҳри Пенза таҳсил мекунад. Баробари хониши аъло Муҳаммад дар конфронсу фестивалҳои гуногун ширкат мекунад, аз ҷумла аъзои Ассотсиатсияи донишҷӯёни хориҷии вилояти Пенза мебошад. Дар баргузор кардани чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ саҳми шоиста дошта, бо ин Тоҷикистони азизро байни донишҷӯён шарафмандона муаррифӣ менамояд. Дигар аз чунин ҳамватанони фаъоли мо Шамшод Бобокалонов аст, ки дар Донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳри Пенза таҳсили худро идома медиҳад. Иштирокчии форуми умумирусиягии таълими байналхалқии донишҷӯён-«Донишҷӯи Русия-2016» буда, ҳамчунин дар форуми байналмилалии таълимии ҷавонон —«Евразия», ки дар шаҳри Оренбург бо иштироки намояндагони 80 кишвари ҷаҳон баргузор шуда буд, ширкат дошт. Ӯ дар дигар чорабиниҳои донишгоҳ низ ҳамеша фаъолона иштирок мекунад. Ин аст, ки Шамшод барои таҳсили хуб ва фаъолияти намунавӣ борҳо аз ҷониби маъмурияти донишгоҳ бо ифтихорномаву сипосномаҳо қадрдонӣ карда шудааст.
Баробари таҳсили хубу аъло аксарияти донишҷӯёни тоҷик ҳамчун варзишгар шинохта шудаанд ва дар намудҳои гуногуни варзиш Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Масалан муҳассили донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории шаҳр Ҳусниддин Ғафуров, пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ оид ба бокс ширкат меварзад ва яке аз парчамбардори Тоҷикистон аст. Ҳусниддин соли 2014 дар мусобиқаи байналмилалии варзишӣ оид ба бокс, ки дар шаҳри Новосибирск баргузор гардид, ба гирифтани мақоми аввал мушарраф шуд. Дар мусобиқаи дигари дар Пенза доиршуда сазовори ҷои ифтихории 3-юм гардид. Бояд зикр кард, ки ӯ номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс мебошад.
Ҷавонони тоҷик, ки дар донишгоҳҳои шаҳри Пенза таҳсил мекунанд, хеле муттаҳиданд ва кӯшиш мекунанд якҷоя амалҳои некро анҷом диҳанд. Соли равон дар ин бобат барояшон босамар оғоз гардид. Аёдати собиқадорони Ҷанги дуюми ҷаҳон, иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ, озмунҳои фаннӣ аз ҷумлаи чорабиниҳоеанд, ки дар онҳо донишҷӯёни тоҷик фаъолона иштирок дошанд. Ҳамчунин гурӯҳи алоҳидаи рақсии донишҷӯёни тоҷик амал мекунад, ки дар баргузории барномаҳои фарҳангӣ иштироку санъати волои тоҷиконро намоиш медиҳад.
Ҳамин тавр дар донишгоҳҳои шаҳри Пенза, ки яке аз шаҳрҳои ободу зебои Федератсияи Россия аст, ҷавонони тоҷик дар таҳсилу донишомӯзӣ намунаи ибрат буда, кӯшиш мекунанд дар ҳама ҷабҳа Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.
Сунатулло МУЛЛОҶОНОВ,
донишҷӯи курси аввали
Донишгоҳи давлатии сохтмон ва меъмории
шаҳри Пензаи Федератсияи Россия








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






