Эмомалӣ Раҳмон: «Тавсеа ёфтани ҷуғрофияи Созмони ҳамкории иқтисодӣ иқтидор ва аҳамияти геостратегии онро дучанд боло бурд»
ДУШАНБЕ, 02.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Иҷлосияи 13-уми Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки 1 март дар шаҳри Исломобод сурат гирифт, баргузории мулоқоти навбатии сарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодиро дар арафаи чилумин солгарди ба имзо расидани Аҳдномаи Измир, ки заминаи асосии роҳандозии фаъолияти минбаъдаи онро гузоштааст, басо рамзӣ унвон карда, таъкид намуданд, ки соли равон ба шомилшавии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷону Афғонистон ба Созмони ҳамкории иқтисодӣ бисту панҷ сол пур мешавад. Аз ҳисоби ин кишварҳо тавсеа ёфтани ҷуғрофияи созмон иқтидор ва аҳамияти геостратегии онро ҳамчун ҳалқаи ягонаи се минтақаи таркибии қитъа- Осиёи Марказӣ, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ дучанд боло бурд.
Пешвои миллат ҳамчунин изҳор доштанд, ки дар давраи сипаришуда дар масири рушди ҳамкории бисёрҷониба ба дастовардҳои умедбахш ноил гардида, ба шарофати талошҳои муштарак заминаи ҳуқуқии ҳамкории ҷонибҳо дар самтҳои афзалиятнок ташаккул ёфта, ҷиҳати густариши тиҷорати байни кишварҳои мо, рафтуомади мардум ва ҳамлу нақли транзитӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар баробари ин, як қатор барномаҳои муҳими инфрасохторӣ татбиқ гардида, ҳамкории гуманитариву фарҳангии кишварҳои мо густариш ёфтанд. Рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба бо кишварҳои аъзои созмон ба ҳайси яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон муқаррар гардидааст. Ба маълумоти Президенти кишвар, ҳиссаи кишварҳои созмон дар гардиши савдои берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло беш аз 36 фоизро ташкил медиҳад.








Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд






