Хизматрасонии босифати тиббӣ ба модар ва кӯдак мавриди баррасӣ қарор гирифт
ДУШАНБЕ, 14.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва ғизои солим барои модарон, кӯдакон ва навзодон дар Маркази саломатии шаҳри Қӯрғонтеппа дар мавзӯи «Ташрифҳои сарпарастори дастгирикунанда ва мушкилот дар самти беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ба модару кӯдак» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳамоиш дар ҳамкорӣ бо Шуъбаи ташкилоти «Интрахелс Интернейшнл» дар доираи Лоиҳа оид ба саломатӣ ва ғизо- «Озуқаворӣ ба хотири оянда» сурат гирифт.
Дар ҳамоиш намояндагони Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, марказҳои солимии репродуктивӣ ва мудирони шуъбаҳои таваллуди шаҳру ноҳияҳои А.Ҷомӣ, Дӯстӣ, Ҷ.Балхӣ, Ҷайҳун ва шаҳри Сарбанд, инчунин менеҷерони сохтори госпиталӣ ва ҳамзамон дигар масъулону мутахассисони соҳа мушкилоти соҳаро баррасӣ карданд.
Иштирокчиён беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва ғизои солим барои модарон, кӯдакон ва навзодонро масъалаи ҳалталаб ва баррасии онро саривақтӣ унвон намуданд.








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






