Имрӯз ҳаво тағйирёбанда шуда, дар шаҳри Душанбе борон меборад
ДУШАНБЕ, 09.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида боришоти борону барф ба қайд гирифта шудааст. Тавре мутахассисони Агентии обуҳавошиносии кишвар иттилоъ доданд, имрӯз дар нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад. Ҳаво аз 14 то 16 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Бадахшон ҳавои абрноки бебориш шуда, дар ғарби вилоят аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва дар шарқи ин вилоят аз 7 то 12 дараҷа хунук мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок шуда, дар баъзе минтақаҳо борон меборад. Дар водиҳо аз 11 то 16 дараҷа гармӣ пешбинӣ шудааст. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳарорати ҳаво аз 6 то 11 дараҷа гарм хоҳад шуд. Дар вилояти Суғд ҳавои абрнок шуда, дар водиҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ барфи кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардидааст. Ҳаво дар водиҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад.
Дар доманакӯҳҳо аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борон ва барф меборад. Ҳаво дар водиҳо аз 12 то 17 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм хоҳад шуд.








МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид






