Имрӯз дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоид дар назар аст

Март 27, 2017 10:22

ДУШАНБЕ, 27.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон имрӯз, 27 март дар аксари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳавои номусоиди боронӣ дар назар дошта шудааст.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд, ҳаво дар қаламрави ҷумҳурӣ рӯзона то 17 дараҷа ва шабона 6- 9 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Бар асоси пешгӯии обуҳавошиносон пагоҳ, 28 март дар қаламрави ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорати ҳаво дар вилояти Суғд рӯзона 19-22 дараҷа, шабона 9-12 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво рӯзона 18-23 дараҷа, шабона 10-13 дараҷа гарм мешавад. Дар навоҳии тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шабона борони кӯтоҳмуддат дар назар аст.
Ҳаво рӯзона 15-20 дараҷа, шабона 8-11 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ ҳаво рӯзона 5-9 дараҷа гарм ва шабона 0-5 дараҷа хунук хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 9-12 дараҷа ва рӯзона 20-22 дараҷа гарм мешавад.

Март 27, 2017 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд