«Истиқлол» ва «Ҳосилот» мавсими навро бо ғалаба оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 09.03.2017/АМИТ «Ховар»/. Чемпиони мамлакат- «Истиқлол»-и Душанбе ва дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати соли гузашта -«Ҳосилот»-и Фархор мавсими навро бо ғалаба оғоз карданд. Дар ин бора сомонаи ФФТ хабар медиҳад.
«Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт «Барқчӣ»-и Ҳисорро қабул карда, бо натиҷаи 6:0 ғалаба кард. Аввалин хет-трикро дар мавсими нави футбол ҳамлагари дастаи мунтахаби Тоҷикистон ва КФ «Истиқлол» Манучеҳр Ҷалилов ба номи худ сабт кард. Ҳамлагари дигари истиқлолиҳо Дмитрий Барков муаллифи ду гол гардид. Боз як голи дигарро Ҷаҳонгир Алиев ба нишон расонд.
«Ҳосилот»-и Фархор бозии нахустини худро дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо «Хуҷанд»-и Хуҷанд доир кард. Меҳмонон дар дақиқаи 34-ум баъди зарбаи Дилшод Бозоров ба сафи пеш баромаданд. Ба соҳибони майдон-дастаи «Ҳосилот» муяссар гардид, ки бо голҳои Ҳасан Рустамов дар дақиқаи 59-ум ва Агблей Ҷонс 89-ум ба голи футболбозони шаҳри Хуҷанд ҷавоб гардонанд ва натиҷаро 2:1 гардонанд.
Ба ҳамин тартиб даври аввали мавсими нави футбол ба анҷом расид. Ду ғалаба ва ду мусовӣ онро рангин карданд.
Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 1
«Истиқлол» «Барқчӣ» 6:0
Муаллифи голҳо: Манучеҳр Ҷалилов, 9 (1:0). Дмитрий Барков, 20 (2:0). Манучеҳр Ҷалилов, 29 (3:0). Манучеҳр Ҷалилов, 43 (4:0). Ҷаҳонгир Алиев, 44 (5:0). Дмитрий Барков, 84 (6:0).
Пеналтии бенатиҷа: Манучеҳр Ҷалилов («Истиклол»), 9 дарвозабон.
«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Сиёвуш Асроров, Ромиш Ҷалилов, Артем Барановский, Аҳтам Назаров, Дэвид Мавутор (Эҳсони Панҷшанбе, 46), Нуриддин Давронов (Фаридун Шарифов, 46), Ҷаҳонгир Алиев, Фатҳулло Фатҳуллоев, Манучеҳр Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 57), Дмитрий Барков.
«Барқчӣ» (Душанбе): Беҳрӯз Хайриев, Манучеҳр Сафаров, Ваҳдат Ханонов, Оятулло Сафаров, Ҳусейн Нурматов, Муҳсин Парпиев, Кароматулло Саидов, Амирҷон Сафаров, Шериддин Бобоев (Шаҳром Самиев, 55), Далер Ёдгоров, Нуриддин Ҳамроқулов.
Огоҳӣ: Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»).
Бозингари беҳтарин: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол»).
Довари майдон: Хусрави Сиддиқзод (Душанбе) 7,8.
Нозири доварон: Абдураҳим Бобоев (Турсунзода).
Комиссар бозӣ: Шавкат Ахмедов (Душанбе).
8 март. Душанбе. Варзишгоҳи марказӣ. 200 тамошобин.
«Ҳосилот» «Хуҷанд» 2:1
Муаллифи голҳо: Дилшод Бозоров, 34 (0:1). Ҳасан Рустамов, 59 (1:1). Агблей Ҷонс, 89 (2:1).
«Ҳосилот» (Фархор): Рустам Ризоев, Содиқ Мусо, Ойбек Абдуғаффоров, Сафаралӣ Каримов, Ҳасан Рустамов, Хайрулло Азизов, Абдурасул Раҳмонов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Акуффо Гершон, Наврӯз Рустамов, Агблей Ҷонс.
«Хуҷанд» (Хуҷанд): Дилшод Додобоев, Манучеҳр Ахмедов, Сохибҷон Ҳакимов, Далерҷон Тӯхтасунов, Шероз Абдуллоев, Эҳсон Бобоев, Отабек Каримов, Ҳикматулло Расулов, Шоҳрух Раҷабматов (Мирзошариф Ҳасанов, 80), Дилшод Бозоров, Давронҷон Тӯхтасунов (Шероз Сангинов, 76).
Огоҳӣ: Ҳасан Рустамов, Муҳаммадҷони Ҳасан («Ҳосилот»), Шоҳрух Раҷабматов, Давронҷон Тӯхтасунов, Мирзошариф Ҳасанов, Манучеҳр Ахмедов («Хуҷанд»).
Бозингари беҳтарин: Ҳасан Рустамов («Ҳосилот»).
Довари майдон: Сайёдҷон Зайниддинов (Душанбе).
Нозири доварон: Абдулло Алимов (Ҳамадонӣ).
Комиссари бозӣ: Субҳон Хӯҷамов (Душанбе).
8 март. Кӯлоб. Варзишгоҳи марказӣ. 7526 тамошобин.
Б Ғ М Б Т/т И
1 «Истиқлол» (Душанбе) 1 1 0 0 6-0 3
2 «Ҳосилот» (Фархор) 1 1 0 0 2-1 3
3 «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) 1 0 1 0 1-1 1
4 «Панҷшер» (Ҷалолиддин Балхӣ) 1 0 1 0 1-1 1
5 «Вахш» (Қӯрғонтеппа) 1 0 1 0 0-0 1
6 КМВА «Помир» (Душанбе) 1 0 1 0 0-0 1
7 «Хуҷанд» (Хуҷанд) 1 1 0 0 1-2 0
8 «Барқчӣ» (Ҳиссор) 1 0 0 1 0-6 0
Нишонзанҳо: Манучеҳр Ҷалилов («Истиқлол») 3, Дмитрий Барков («Истиқлол») 2 тӯб.
Дар даври 2-юм вомехӯранд:
12 март (якшанбе)
Оғоз соати 14:00
«Хуҷанд» «Вахш»
«Панҷшер» «Ҳосилот»
«Барқчӣ» «Регар-ТадАЗ»








ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона дастаи Арабистони Саудиро мағлуб намуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал пеш аз Ҷоми Осиё-2026 се бозии санҷишӣ анҷом медиҳад
Таҷрибаи академияҳои маъруфи ҷиу-ҷитсуи ИМА барои рушди варзиш дар Тоҷикистон омӯхта мешавад
Дар Душанбе қуръакашии марҳилаи муқаддамотии Ҷоми ФФТ-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Дар Тоҷикистон Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор мегардад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба Ҷоми Осиё-2026 омодагӣ мегирад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо тимҳои Арабистони Саудӣ ва АМА бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд
«Cоро компания» ғолиби Суперлигаи футзали Тоҷикистон-2025 гардид
Соли 2025 варзишгарони вилояти Хатлон беш аз 2 ҳазор медал ба даст оварданд
Ситораи футболи тоҷик Муҳсин Муҳаммадиев дар 60-солагӣ аз дунё даргузашт
Мутахассиси варзида аз Ҷумҳурии Сербия сармураббии нави дастаи «Хуҷанд» таъйин гардид






