Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ барои дарёфти Ҷоми «Пойтахт»

Март 23, 2017 11:53

ДУШАНБЕ, 23.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз   мусобиқаи  ҷумҳуриявӣ  оид ба гуштини миллӣ  барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2017» ва Иди байналмилалии  Наврӯз  соати 14:00 дар Муассисаи  давлатии «Наврӯзгоҳи  пойтахт» бо иштироки 8 даста (Душанбе-1, Душанбе-2, Хатлон-1 Хатлон- 2 Суғд, ВМКБ, ШНТМ ва  ноҳияи Рашт)  дар ҳайати 32 нафар варзишгар  баргузор мегардад.

Варзишгароне, ки  дар ҳар як  даври  сабқат ғолиб меоянд, ба мукофотҳои  пулию (барои  ғолиби сабқати давраҳои якум, 300 сомонӣ,  дуюм 400 сомонӣ, сеюм 500 сомонӣ, чорум 600 сомонӣ,барои ҷойи сеюм  700 сомонӣ ва ғолиби сабқатҳои  ниҳоӣ 10 000  сомонӣ) молӣ (ҷом, диплом ва медал)  сарфароз гардонида мешаванд.
Шоҳҷоиза барои  ғолиби ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ дар вазнҳои 65-кило 10 ҳазор сомонӣ, 80 кило  10 ҳазор сомонӣ ва дар вазни ҷами 80 кило  автомобил муайян гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба пойгаи аспдавонӣ барои  дарёфти ҷоми «Пойтахт-2017» бошад, рӯзи  24-уми март,соати 10:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» бо иштироки варзишгарони  (жоккер) аз 16- сола  боло ва аспҳои 2 -сола,3-  сола, 4 -сола ва  аз 4-сола болои  хоҷагиҳои асппарварии  ҷамъиятиву хусусии  вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои тобеи  ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ғолибон  ва ҷоизадороне,ки  дар масофаҳои  муқарраргардида ҷойҳои якум,дуюм  ва сеюмро ишғол менамоянд, бо тӯҳфаҳои пулию (аз 500-сомонӣ то 3000-сомонӣ) молӣ (ҷом, диплом ва медал) сарфароз  гардонида мешаванд. Шоҳҷоиза барои ғолиби  мутлақи  пойгаи  равон «Аспи зоти  тоҷикӣ»  муайян гардидааст.

Март 23, 2017 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд