Мужда: «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Аҳмади Тӯсӣ аз чоп баромад
ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ёздаҳумин китоб аз силсилаи «Тоҷнома» (Тоҷикон дар масири тамаддун) аз чоп баромад. Ин бор аз ин силсила, ки бо ҳидоят ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нашр мешавад, китоби маъруфи «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот»-и Муҳаммад ибни Маҳмуд ибни Аҳмади Тӯсӣ интишор ёфт.
Тавре аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар доданд, китоб аз ҷониби Сайфиддин Назарзода ва Саидбилол Саидов таҳия, вироиш ва баргардон шудааст. Мураттибон дар сарсухани хеле муфассали худ дар бораи китоб ва муаллифи он менависанд, ки «Аҷоиб-ул-махлуқот ва ғароиб-ул-мавҷудот» як асари хуби энсиклопедиест, ки дорои аҳамияти муҳими илмӣ мебошад.
«Таҳиягарон ҳангоми баргардони китоб кӯшидаанд ҳар калимаи барои имрӯзиён нофаҳморо дар поварақ шарҳ диҳанд ва ин услуби таҳияи китоби қадимӣ ҳам хондан ва ҳам дарки маъниро барои хонандааш осон мегардонад»,- иттилоъ доданд аз Китобхонаи миллӣ.








ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад






