Натиҷагирии лоиҳаҳои сармоягузории Бонки Осиёии рушд дар соли 2016
ДУШАНБЕ, 17.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҷаласаи солона оид ба шарҳи маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд барои соли 2016 доир гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷаласа раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва намояндаи доимии Бонки осиёии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Си Си Ю иштирок намуда, аз лоиҳаҳои сармоягузории Бонки Осиёии рушд дар соли 2016 натиҷагирӣ карданд.
Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зикр намуд, ки шурӯъ аз соли 1998 Кумита ҳамкориро бо Бонки Осиёии рушд ба роҳ мондааст. Бонки осиёии рушд то якуми январи соли равон дар Тоҷикистон 68 лоиҳаро сармоягузорӣ кардааст, ки он соҳаҳои энергетика, нақлиёт, хоҷагии қишлоқ, бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнокро фаро мегирад.
Ҳадафи аслии ҳамоиш боз ҳам тақвият додани робитаҳои ҳасанаи кишвар бо ин шарики муҳими молиявӣ арзёбӣ гардид.
Бо назардошти ҳамкории тақрибан 20-солаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд иттилоъ дода шуд, ки дар оянда низ ин ҳамкорӣ рушд ёфта, соҳаҳои бештарро фаро хоҳанд гирифт.








Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд






