Наврӯз айёми баробаршавии шабу рӯз аст
ДУШАНБЕ, 17.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Раёсати филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таърихи пайдоиш ва таҷлили Наврӯзи байналмиллалӣ» ҳамоиш баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур донишҷӯёни филиали донишгоҳ вобаста ба таҷлили Наврӯзи Аҷам бо шаш забон сухан гуфта, дар бораи «ҳафт син» ва «ҳафт шин» маълумот доданд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки Наврӯз иди гузаштаи аҷдодони мо буда, ҳамчун мерос ба мо боқӣ мондааст.
«Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ, боғдорӣ ва айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Моҳи феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64 Ассамблеяи генералии СММ қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тавсиб расид ва он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт»,- зикр гардид дар ҳамоиш.
Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзй ва боғдорй, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносй, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






